Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз минтақаҳои пешрафтаи аграрию саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи кишоварзӣ қисми зиёди аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад. Аз ин лиҳоз, рушди соҳаи кишоварзӣ на танҳо характери иқтисодӣ, балки хусусияти иҷтимоӣ низ зиёд дорад, чунки зиёда аз 94 фоизи аҳолӣ, аз ҷумла 90 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар деҳот зиндагӣ дорад.
Маълумотҳои кишоварзӣ
| Воҳи
ди ченак |
Соли 2020 | Соли 2021 | Соли 2022 | Соли 2023 | Соли 2024 | Соли 2025 | |
| Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишовар-зӣ |
млн. сом |
1726,4 | 2424,9 | 2599,9 | 3091,7 | 3534,5 | 4164,4 |
| Аз он ҷумла: | |||||||
| Растанипарварӣ | млн.
сом |
1036,9 | 1449,2 | 1504,7 | 1761,6 | 1880,0 | 2198,2 |
| Чорводо-рӣ | млн.
сом |
689,5 | 975,7 | 1095,1 | 1330,1 | 1654,5 | 1966,3 |
| Шумораи коргарони соҳаи кишо-варзӣ
|
ҳазор наф |
11,5 | 11,6 | 11,8 | 11,9 | 12,1 | 12,7 |
| Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ |
адад |
6597 | 6630 | 6716 | 6751 | 6858 | 6865 |
| Шумораи хоҷагиҳои калон |
адад |
5 | 5 | 5 | 5 | 5 | 5 |
| Музди
миёнаи маош |
сом |
585,1 | 800,8 | 846,5 | 969,0 | 1076,0 | 1373,0 |

