
Темурҷон Нӯмонзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
-
Темурҷон Нӯмонзода 1-уми марти соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Академияи муосири шаҳри Москав, соли 2016 Академияи руссиягии хоҷагии халқ ва хоҷагии давлатии назди Президенти Федератсияи Русия, соли 2019 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст.
Темурҷон Нӯмонзода ҳуқуқшинос, мутахассиси идоракунии маҳаллӣ ва геоэколог мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Фаъолияти меҳнатӣ:
- 2004–2009 — мудири фермаи зотпарварии кооперативи истеҳсолии «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов
- 2009–2013 — Раиси Раёсати кооперативи истеҳсолии «Миркамолов Темурҷон»
- 2013–2016 — Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд
- 2016–2020 — Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд
- 2020 — Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
- 19.03.2020 – 2026 — Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
- аз 7 январи 2026 — Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд
- аз 22 майи 2026 — Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

