Таъкид гардид, ки роҳбарони қассобхонаҳо, забҳхонаҳо, нуқтаҳои забҳи чорвои калону майда, забҳхонаҳои паранда, инчунин нозирони нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти гӯштӣ ва тухм бояд талаботи санитарию беҳдоштӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузории соҳаи бехатарии озуқавориро қатъиян риоя намоянд.
Дар рафти мулоқот аз ҷониби масъулон доир ба талаботи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва пешгирии паҳншавии маҳсулоти ба саломатии аҳолӣ хавфнок маълумоти зарурӣ пешниҳод гардида, иқтибосҳо аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба иштирокдорон шарҳ дода шуданд.
Ҳамзамон, оид ба истифодаи либосҳои махсуси корӣ, доштани дафтарчаи санитарии шахсӣ аз ҷониби қассобон ва фурӯшандагон, инчунин риояи қоидаҳои тозагӣ ва беҳдошт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки қассобхонаҳо, забҳхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши гӯштро тозаю озода нигоҳ дошта, ба риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ, сифату бехатарии маҳсулоти гӯштӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров



