Раиси ноҳия бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва муташаккилона гузаронидани маъракаи омӯзишу омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, инчунин нақшабандии корҳои минбаъда ҷиҳати пеш аз муҳлат иҷро намудани нақшаи пешбинишуда ба масъулин ва иштирокдорони маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас дод.

КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нуъмонзода дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомоти қудратии ноҳия оид ба татбиқи амалии қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони соли таваллудашон 1999–2008 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2026 бо иштироки фаъолони ноҳия маҷлиси васеи корӣ баргузор намуд.
Дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳо, ҳайати шахсии Комиссариати ҳарбии ноҳия, аъзои комиссияи тиббӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ходимони дин ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки маҷлиси имрӯза бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои дар маъракаи қаблии даъвати ҳарбӣ ҷойдошта ва роҳ надодан ба такрори онҳо дар даъвати тирамоҳии соли 2026 баргузор мегардад. Дар фарҷоми маҷлис масъулин вазифадор гардиданд, ки корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар самти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо масъулияти баланд ба роҳ монда, иҷрои нақшаи даъватро дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин намоянд.
Дафтари матбуот ва иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ахбори тоза