Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо фаъолияти корхонаи паррандапарварии ҶДММ «Парандапарвар-2017» шинос гардид.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Темур Мамедов таъсис ёфта, ба истеҳсоли тухми парранда ихтисос дорад. Айни замон дар корхона беш аз 550 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Тибқи маълумот, дар корхона ҳар рӯз то 350 ҳазор дона тухм истеҳсол шуда, ҳаҷми солонаи истеҳсолот беш аз 120 миллион донаро ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилии кишвар пешниҳод гардида, дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулин таъкид намуд, ки истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини пурраи бозори дохилӣ, афзоиши содироти маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи паррандапарварӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуда, соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда истеҳсолотро боз ҳам густариш диҳанд.
Имрӯзҳо рушди соҳаи паррандапарварӣ дар вилояти Суғд тамоюли устувор касб намудааст. Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҷалби сармоя ва ворид намудани технологияҳои муосир саршумори парранда ва ҳаҷми истеҳсоли тухму гӯшти парранда мунтазам афзоиш меёбад.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 июни соли 2026 дар вилояти Суғд 6 миллиону 610 ҳазору 641 сар парранда мавҷуд мебошад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 352 миллиону 216,1 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

