Бо иштироки раиси ноҳия ва вакилони мақомоти боло, дар деҳаи Хистеварз бинои нави мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд. Мактаби нав дорои 32 синфхона, китобхона бо толори электронӣ, кабинетҳои информатика, химия, физика ва биология, ҳамчунин толори варзишӣ мебошад. Маблағгузории сохтмон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва саҳми сармоягузорони хусусӣ таъмин шудааст.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ
Хуш омадед, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров!

