Ҷамоати Зарзамин

Сохти маъмуриву ҳудудии ҷамоат

Ҷамоати деҳоти Зарзамин дар қисми шарқии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд воқеъ мебошад. Ҷамоат аз 11 маҳаллаҳо — Ҷамбул, Поселкаи нав, Тоштеппа, Поён, Навбаҳор, Ҷавғал, Гулистон, Тоҷикистон, Наврӯз, Дустӣ ва Меҳнатобод — иборат буда, масоҳати умумии он 11 322 гектарро ташкил медиҳад. Ҷамоат бо ҷамоатҳои Хистеварз, Исфисор, шаҳраки Ғафуров ва шаҳри Қайроққум ҳамсарҳад мебошад.

Тавсифи таърихию фарҳангӣ

Ҷамоати деҳоти Зарзамин таърихи начандон тӯлонӣ дорад. Заминаи таъсиси ҷамоат муҳоҷирони соҳили чапи дарёи Сир мебошанд. Аҳолии деҳаи Хистеварз ва шаҳри Қайроққум охирҳои асри XIX-и мелодӣ ба ин минтақа муҳоҷират намуда, қитъаҳои заминҳои киштбобро азхуд намуданд ва зироатҳои гуногун, аз ҷумла пахта, шолӣ, полезиҳо ва сабзавот кишт мекарданд.

Бо гузашти вақт доираи заминҳои корам васеъ гашт. Баъди инқилоби Октябр, дар давраи ташкили хоҷагиҳои коллективӣ, ин заминҳо ба ихтиёри колхози Ленин ва баъдан колхози Коммунизм гузашт. Дар соли 1988, баъди якҷоя намудани хоҷагиҳои хурд, заминҳо ба ихтиёри колхози ба номи О. Убайдуллоев гузаронида шуданд. Баъдан Ҷамоати Зарзамин (собиқ қишлоқи «Қатаған») таъсис дода шуд.

Шароити захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ

Ҷамоати деҳоти Зарзамин дар ҳамвориҳои соҳили рости дарёи Сир ҷойгир шуда, иқлимаш хушк мебошад. Ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз +25 °C то +40 °C ва дар фасли зимистон то −20 °C мерасад. Миқдори миёнаи боришот ба ҳисоби миёна 150–300 мм-ро ташкил менамояд.

Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани захираҳои обии дарёи Сир барои кишоварзӣ — махсусан парвариши ғалладона, пахта, пилла, сабзавоткорӣ, шолӣ, боғу токзор ва чорводорӣ — мувофиқ мебошад. Ҳудуди ҷамоат аз захираҳои канданиҳои фоиданоки маъмули умум (санг, хок, шағал, рег) бой мебошад.

Аҳолӣ

Ҷадвали 1. Шумораи аҳолӣ, хоҷагиҳо ва маҳаллаҳои Ҷамоати деҳоти Зарзамин

Маҳалла Аҳолӣ Хоҷагӣ
1 Ҷамбул 1 268 205
2 Поселкаи нав 916 147
3 Тоштеппа 1 356 220
4 Поён 1 546 249
5 Навбаҳор 687 110
6 Ҷавғал 1 849 298
7 Гулистон 2 154 347
8 Тоҷикистон 1 614 200
9 Наврӯз 1 234 200
10 Дустӣ 128 20
11 Меҳнатобод 423 68
Ҳамагӣ 13 175 2 124

Синну соли миёнаи аҳолии Ҷамоатро миёнсолон ташкил медиҳанд (52,7%) — онҳо гуруҳи асосии аҳолии қобили меҳнат ба шумор мераванд.

Ҷадвали 2. Вазъи демографии аҳолии ҷамоат

Сол Миқдори никоҳ Миқдори фавт Афзоиши табиии аҳолӣ Шумораи умумии аҳолӣ
2013 148 59 383 12 250
2014 119 54 348 12 850
2015 109 45 369 13 175

Ҷадвали 3. Дурнамои афзоиши аҳолии ҷамоат

Нишондиҳанда 2014
(ҳисобот)
2015 2016 2017 2018 2019 2020
Шумораи аҳолӣ 12 850 13 175 13 575 14 216 14 743 15 270 15 810

Ҷадвали 4. Аҳолии ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат Фоиз
Тоҷикон 12,9%
Ӯзбекҳо 86,5%
Дигар миллатҳо 0,6%
Ҳамагӣ 100%

Аҳолии ҷамоат гуногунмиллат буда, қисми асосии онро ӯзбекҳо ташкил медиҳанд.

Дурнамои ҷамоат

«Ҷамоати Зарзамин маркази пешрафтаи соҳаи деҳқонии тараққикарда ва маркази пешқадами соҳаи соҳибкории хурду миёна мебошад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ таъсири худро гузоштааст. Аҳолии ҷамоат аз инфрасохтори мусоиди иҷтимоӣ ва вазъи хуби муҳити зист баҳраманд буда, хушбахту осудаҳолона умр ба сар мебаранд.»

Дурнамои мазкур дар асоси таҳлили тарафҳои мусбию манфӣ ва имкониятҳою хатарҳои рушди ҷамоат коркард шудааст.

Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ, имкониятҳо ва хатарҳо

Тарафҳои мустаҳкам

  • Мавҷудияти кадрҳои баландихтисос
  • Захираҳои табиӣ (замин, боғу токзор)
  • Мавҷудияти корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ
  • Мавҷудияти инфрасохтори иҷтимоӣ
  • Наздик будан ба маркази вилоят
  • Соҳаи чорводории пешқадам
  • Мавҷудияти осоишгоҳҳои аҳамияти минтақавӣ дошта
  • Мавҷудияти захираҳои обӣ ва иншоотҳои обтақсимкунӣ

Тарафҳои суст

  • Норасидани оби нӯшокӣ ва полезӣ
  • Паст будани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ
  • Бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ
  • Бемасъулиятии шаҳрвандон
  • Зиёдшавии партовҳои маҳаллӣ
  • Баланд будани фоизи қарзҳои ташкилотҳои молиявӣ
  • Кӯҳна ва фарсуда будани техникаи кишоварзӣ
  • Аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна будани таҷҳизоти корхонаҳои саноатӣ
  • Паст будани бархурдории мутахассисони маҳаллӣ оид ба масъалаҳои маркетинг, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ
  • Сатҳи баланди касалиҳои соҳаи боғу токпарварӣ

Имкониятҳо

  • Мавҷудияти Барномаи рушди ноҳияи Б. Ғафуров
  • Татбиқи Барномаи рушди деҳот
  • Ислоҳот дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
  • Ҳавасмандии сармоягузорони хориҷӣ
  • Афзалиятнок будани соҳаи рушди сайёҳӣ дар сатҳи миллӣ
  • Мавҷудияти қонунгузории такмилёфта оиди мақомоти худидора

Хатарҳо

  • Обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ
  • Тағйироти иқлим
  • Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ
  • Лағжишҳои нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ
  • Эпидемия ва пандемия
  • Нооромии сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя