Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ
Ҷамоати деҳоти Исмоил яке аз ҷамоатҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми марказии шимолу шарқии ноҳия ҷойгир шудааст. Аз шаҳри Хуҷанд 30 км ва то маркази ноҳия 27 км дуртар, дар тарафи рости обанбори Қайроққум воқеъ гардидааст. Аҳолии ҷамоат 26 034 нафарро ташкил медиҳад, ки мутаносибан 7,05%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии ҷамоат — 70 055 га буда, мутаносибан 26,42%-и масоҳати ноҳияро дар бар мегирад.
Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат
Ба ҳайъати Ҷамоати деҳоти Исмоил деҳаҳои Султонобод, Шамсобод, Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ, Пилол, Уяс, Сабзазор, Гулобод, Саричашма, Терак, Қурғонча, Қарочингил, Оламтоб ва Шоқадам дохил мешаванд. Дар байни инҳо деҳаҳои Шамсобод, Чордара, Қалъаи кӯҳна, Равот, Дӯстӣ ва Пилол, Уяс аз ҳама сернуфузтарин ба ҳисоб рафта, дар онҳо 63%-и аҳолии ҷамоат истиқомат мекунанд.
Тафсири таърихию маданӣ
Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих ва солномаро дорост. Деҳаи Сомғор низ дорои таърихи қадима мебошад. Чуноне ки муаррихон таъкид кардаанд, деҳаи Сомғор аз қадимтарин деҳоти атрофи шаҳри Хуҷанд маҳсуб мешавад.
Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Исмоил мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, 9, 43, 46, 52, 59, 81, 64 фаъолият мебаранд, инчунин Беморхонаи ноҳиявии №6, 2 маркази саломатӣ ва корхонаи коммуналии «Ободкор» ба мардум хизмат мерасонанд. Ҳамчунин мағозаҳои тиҷоратӣ ва хӯрокворӣ, клуб, чойхона, китобхона ва тӯйхона барои қонеъ намудани талаботи мардуми деҳот омодаи хизматанд.
Иштирокчиёни ҷангу собиқадорон
Дар ҷамоат 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 25 нафар иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, 4 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 69 нафар иштирокчиёни муҳорибаҳои барқароркунии сохти конститутсионӣ ва зиёда аз 1 200 нафар собиқадорони меҳнат кор ва зиндагӣ мекунанд. Ҷамоат бо 1 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 1 нафар Қаҳрамони Меҳнат фахр мекунад.
Шароити захираҳои табиӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ
Манзараи даштӣ ва иқлими хушк (ҳарорати миёна дар фасли тобистон аз +25 °C то +35 °C ва дар фасли зимистон то −20 °C) хос аст. Замини ҳосилхез ва мавҷуд будани об тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияҳои пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ муайян мекунад. Дар ин ҷо ҳамчунин пиллапарварӣ тараққӣ ёфтааст. Аз сабаби паст будани миқдори миёнаи бориш (то 150–300 мм) ба обёрии шиддатнок (ирригатсия) эҳтиёҷ дорад.
Дар ҳудуди ҷамоат тӯдаи шағал мавҷуд аст, ки имконияти ба даст овардани шағали сохтмониро фароҳам меоварад. Ҳамчунин канданиҳои фоиданоки оҳан, тилло ва қӯрғошим мавҷуданд.
Вазъи демографии ҷамоат
Дар ҷамоат 4 442 хоҷагӣ мавҷуд буда, ба 16 деҳа тақсим карда шудааст.
Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти Исмоил
| № | Деҳа | Шумораи хоҷагӣ | Шумораи аҳолӣ |
|---|---|---|---|
| 1 | Уяс | 797 | 4 445 |
| 2 | Сабзазор | 160 | 1 350 |
| 3 | Гулобод | 275 | 1 590 |
| 4 | Терак | 98 | 411 |
| 5 | Қӯрғонча | 278 | 1 398 |
| 6 | Султонобод | 262 | 1 582 |
| 7 | Қарочингил | 255 | 1 343 |
| 8 | Оламтоб | 141 | 892 |
| 9 | Қалъаи кӯҳна | 481 | 2 500 |
| 10 | Чордара | 269 | 2 014 |
| 11 | Саричашма | 123 | 816 |
| 12 | Пилол | 195 | 994 |
| 13 | Равот | 141 | 721 |
| 14 | Дӯстӣ | 288 | 1 670 |
| 15 | Шамсобод | 482 | 3 477 |
| 16 | Шоқадам | 197 | 797 |
| Ҳамагӣ | 4 442 | 26 034 | |
Ҷадвали 2. Таркиби этникии аҳолӣ (с. 2015)
| Миллат | Фоиз |
|---|---|
| Тоҷикон | 37% |
| Ӯзбекҳо ва дигар миллатҳо | 63% |
| Ҳамагӣ | 100% |
Ҷадвали 3. Дурнамои афзоиши аҳолии ҷамоат барои солҳои 2016–2020
| Нишондиҳанда | 2014 (ҳисобот) | 2015 (баҳодиҳӣ) | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2020 бо % нисбати 2014 |
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Шумораи аҳолӣ | 25 669 | 26 034 | 26 554 | 26 819 | 27 336 | 27 629 | 28 182 | 109,8 |
Синну соли миёнаи аҳолии ҷамоат 49 соларо ташкил медиҳад.
Тенденсияи асосии иҷтимоӣ-иқтисодӣ
Асоси иқтисодиёти ҷамоатро соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳад, ки бо он 87%-и аҳолӣ машғул аст. Асоси хоҷагии қишлоқи деҳотро истеҳсоли сабзавот, ғалладона, меваҷот ва пахта (асосан аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ) ташкил медиҳад. Набудани базаи моддию техникии ягона, кӯҳна шудани таҷҳизот, паст шудани сифати истеҳсолнокии замин, системаи кӯҳнаи обёрӣ ва набудани сармоягузорон ба баланд шудани ҳосилнокии маҳсулот монеа эҷод мекунанд.
Дар ҷамоат корхонаи коммуналии «Ободкор» амал менамояд, лекин аз сабаби норасоии техника барои кашонидани партовҳо дар вақташ камбудиҳо ҷой доранд. Дар ҷамоат 2 хонаи саломатӣ ва 1 беморхона фаъолият менамояд.
Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ, имкониятҳо ва таҳдидҳо (SWOT)
Тарафҳои мустаҳкам
- Хоҷагии қишлоқ, боғдорӣ, токпарварӣ, пахтакорӣ ва чорводорӣ
- Тараққиёти чорводорӣ
- Замини ҳосилдиҳанда
- Наздикӣ ба маркази шаҳр
- Мавҷуд будани канданиҳои фоиданок
- Мавҷуд будани об
- Боду ҳавои хуб
- Масъулиятшиносии аҳолӣ
- Роҳбарияти ҷамоат
- Бозор ва нуқтаҳои савдо
Тарафҳои суст
- Норасоии мутахассисон дар ҳамаи соҳаҳо
- Нарасидани оби полезӣ
- Набудани гази табиӣ
- Набудани корхонаҳои хурду миёна
- Набудани нуриҳои минералӣ
- Ҷудошавии оилаҳо
- Паст будани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ
- Нарасидани қувваи барқ
- Набудани таҷҳизоти ҳозиразамон дар соҳаи тандурустӣ
- Набудани муассисаи томактабӣ
Имкониятҳо
- Роҳи марказӣ
- Наздикӣ ба маркази шаҳр
- Ҳалли муаммоҳо бо қувваи омма
- Наздикии дарё
- Ҷалб намудани соҳибкорон
- Замин ва кӯҳ
- Шароити экологӣ
- Оби зеризаминӣ
Таҳдидҳо
- Сел
- Заминларза
- Шароити демографӣ
- Муҳоҷират
- Худкушӣ
- Паҳншавии бемориҳои сирояткунанда

