Ҷамоати Ҳайдар Усмонов

Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ

Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов дар ҳайъати ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, дар қисми маркази ғарбии ноҳия, дар канори шаҳри Хуҷанд, соҳили дарёи Сир ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 503,83 гектарро ташкил медиҳад.

Сохти маъмурии ҳудуди ҷамоат

Ба ҳайъати маъмурии Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Усмонов деҳаҳои Рӯмон, Кулангир, Шайхбурҳон, Пулчуқур ва минтақаи Абдулло Зиёев дохил мешаванд. Дар ҷамоат 6 246 хоҷагӣ мавҷуд буда, 10 кумитаи маҳаллаҳо фаъолият мебаранд.

Тафсири таърихию маданӣ

Маълум аст, ки ҳар маҳалли зисти одамон ба худ хос таърих ва солнома дорост. Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов соли 1969 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 1968 аз ҷамоати деҳоти Унҷӣ ҷудо карда шудааст. Номи Ҳайдар Усмонов ба ифтихори иштирокчии мубориза барои барпо кардани Ҳокимияти Советӣ дар шимоли Тоҷикистон гузошта шудааст.

Деҳаи Кулангир дар қисми шарқии ҷамоат ҷойгир буда, ривоят аст, ки замоне бошишгоҳи кулангҳо будааст. Номи деҳаи Кулангир аз ду реша — «куланг» (турна) ва решаи «гир» аз асоси масдари «гирифтан» — таркиб ёфтааст. Чуноне ки пирони деҳа ривоят мекарданд, дар зардолузорҳои деҳа турнаҳо лона мондаанд ва ном аз шикори онҳо пайдо гаштааст. Шаҳриён фурсати фароғат меомаданд ва мурғони дилпазирро шикор мекардаанд.

Шуғли асосии аҳолии деҳа деҳқонӣ буда, дар фасли сармо ба киштукори кӯчату кабудӣ машғул мешаванд ва боиси фаровонии бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳраки Ғафуров мегарданд. Дар фасли баҳор ба фурӯши сабзавот ва меваҷот машғул мебошанд.

Дар ақидаҳо омадааст, ки Рӯмон аз калимаи арабии «руммон» буда, маънояш «анорзор» аст. Маънии дигар — «Рӯ монд». Деҳаи мазкур ба 5 маҳалла ҷудо шудааст: 1-Май, Октябр, Лоҳутӣ, Маданият ва Инқилоб.

Иқлим ва кишоварзӣ

Иқлими ҷамоат континенталии хушк буда, ҳарорати миёна дар фасли зимистон аз −10 то −15 °C, дар тобистон аз +27 °C то +36 °C мерасад.

Дарёи Сир соҳаи калони кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҷамоатро бо об таъмин мекунад. Замини ҳосилхез ва мавҷудияти об тамоюли соҳаи хоҷагии қишлоқро бо равияҳои пахтакорӣ, ғалладонагӣ, меваю сабзавот муайян мекунад.

Аҳолӣ

Ба ҳолати 1 январи соли 2015, аҳолии ҷамоат 38 695 нафарро ташкил дод, ки аз он 19 734 нафар занон мебошанд. Деҳаҳои Рӯмон ва Кулангир яке аз воҳидҳои сернуфузтарини ҷамоат ба шумор рафта, 65% аҳолиро ташкил медиҳанд.

Ҷадвали 1. Аҳолӣ ва хоҷагиҳои Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Усмонов ба ҳолати 01.01.2015

Деҳа Шумораи хоҷагӣ Шумораи аҳолӣ
1 Рӯмон 2 680 16 046
2 Кулангир 1 577 9 515
3 Шайхбурҳон 1 099 6 801
4 Пулчуқур 678 4 541
5 Ҷӯи Қозӣ 103 865
6 Минтақаи А. Зиёев 109 927
Ҳамагӣ 6 246 38 695

Ҷадвали 2. Аҳолии ҷамоат аз рӯи миллат

Миллат Фоиз
Тоҷикон 98%
Дигар миллатҳо (ӯзбекҳо, русҳо ва ғайра) 2%
Ҳамагӣ 100%

Ҷадвали 3. Нишондиҳандаҳои дурнамои нуфузи табиии аҳолии ҷамоат дар солҳои 2016–2020

Нишондиҳанда 2014 (ҳисобот) 2015 (баҳодиҳӣ) 2016 2017 2018 2019 2020 2020 бо % нисбати 2014
Шумораи аҳолӣ 37 717 38 695 39 395 40 100 40 850 41 600 42 356 112,2

Суръати афзоиши аҳолии ҷамоат 2,3% ташкил намуд, ки то соли 2020 шумораи аҳолӣ бояд то 112,2% афзояд. Дар се соли охир шумораи аҳолии ҷамоат ба 790 нафар, шумораи таваллуд ба 951 нафар ва шумораи муҳоҷирон ба 528 нафар афзоиш ёфтааст. Сабаби асосии афзоиши сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ паст будани музди меҳнат дар ноҳия ва паст будани ҳавасмандкунии молиявии коргарон мебошад. Айни ҳол яке аз самтҳои асосии Барнома ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад, ки ба камшавии шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ҷамоат мусоидат хоҳад кард.

Иқтисодиёт

Таҳкурсии иқтисодиёти ҷамоатро соҳибкорони хурду миёна, хизматрасонии пулакӣ ва хоҷагии деҳқонӣ ташкил медиҳад, ки дар он 75–80% аҳолии қобили меҳнат машғул мебошанд. Самтҳои асосии соҳибкории хурду миёна ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ — ташкили нуқтаҳои савдо, ошхонаву чойхонаҳо, таъмири автомобилҳо ва истеҳсоли маҳсулоти дастии хонагӣ мебошанд. Самтҳои асосии рушди кишоварзӣ — соҳаҳои пахтакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ (асосан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ) мебошанд.

Иқтисодиёт ва инфрасохтор

Дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов 11 хоҷагии деҳқонӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 13, 23, 24, 25, 26, гимназияи «Нур», марказҳои саломатии «Ҳ. Усмонов», «Кулангир», «Одил», хонаҳои саломатии «Шайхбурҳон», «Рӯмон», «Лаби Ҳавзча», «Инқилоб», «Айнӣ» ва дар минтақаи А. Зиёев — «Янгиқӯрғон» ба мардум хизмат мерасонанд.

Иштирокчиёни ҷангу собиқадорон

Дар ҷамоат имрӯз 2 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 40 нафар собиқадорон зиндагӣ ва кор мекунанд.

Тарафҳои мустаҳкам, сустӣ, имкониятҳо ва хатарҳо

Биниши мазкур дар асоси таҳлили тарафҳои пурқувват ва камқуввати рушди ҷамоат бо назардошти омилҳои таъсиррасони рушд тартиб дода шудааст.

Тарафҳои мустаҳкам

  • Мавҷудияти шароитҳои табиӣ барои пешбурди фаъолияти кишоварзӣ, саноатӣ, истеҳсолӣ ва ғайра
  • Мавҷудияти инфрасохтори заминавии иҷтимоию иқтисодӣ
  • Мавҷудияти мутахассисони баландихтисос
  • Мавҷудияти иншоотҳои муҳандисию коммуникатсионӣ
  • Мавҷудияти таҷрибаи муосир оид ба ташкили гармхонаҳои шакли нав ва камхарҷ
  • Мавҷудияти шароити корхонаҳои саноатӣ
  • Мавҷудияти хоҷагиҳои деҳқонии пешқадам
  • Фаъолнокии бахши хусусӣ

Тарафҳои суст

  • Роҳҳои фарсуда
  • Норасоии боғчаи бачагона
  • Баланд будани сатҳи бекорӣ
  • Норасоии воситаҳои молиявӣ
  • Норасоии мутахассисони соҳавӣ
  • Паст будани маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои иҷтимоан муҳим
  • Мавҷуд набудани корхонаҳои коркарди масолеҳ
  • Мавҷуд набудани ҷойҳои кории доимӣ
  • Мавҷуд набудани таҷҳизоти муосир дар марказҳои саломатӣ

Имкониятҳо

  • Ислоҳот дар соҳаи худидоракунии маҳаллӣ
  • Равандҳои ислоҳот дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ
  • Наздик будани шаҳри Хуҷанд
  • Дастгирии давлатии соҳаи хоҷагии қишлоқ
  • Ҳавасмандии сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ оид ба маблағгузорӣ ба иқтисодиёти ҷамоат
  • Ташкили ҷойҳои корӣ дар маҳаллаҳо дар доираи касбу ҳунарҳои миллӣ
  • Татбиқи Барномаи рушди деҳот
  • Мавҷудияти «Фонди боварӣ»

Хатарҳо (таҳдидҳо)

  • Тағйироти иқлим
  • Ҳолатҳои фавқулода (омадани сел, заминларза, хушксолӣ, сардии ҳаво)
  • Бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ
  • Низоъ
  • Эпидемия ва пандемия
  • Ҳангоми обхезӣ дар дарёи Сир ҷойгир будани аҳолӣ дар соҳили дарё