Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дар ин раванд бо ташаббусҳои созанда ва натиҷаҳои назаррас саҳми худро мегузорад. Сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромӣ ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ азму талош доранд.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 22 сентябри соли 2022, №209 тасдиқ гардидааст, дар ноҳия корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
Нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ 2015 бандро дар бар гирифта, пеш аз ҳама ба бунёди иншооти нави иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ободонии маҳалҳо, рушди инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст.
Яке аз дастовардҳои назарраси ноҳия дар ин самт иҷрои барзиёди нақшаи корҳои ободонию созандагӣ мебошад. Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, то имрӯз ба ҷойи 2015 банди пешбинишуда 2704 банди корҳои созандагӣ иҷро гардидааст.
Ҳамин тариқ, нақшаи пешбинишуда 134 фоиз иҷро шудааст. Ин нишондиҳанда аз иштироки фаъоли сокинон, соҳибкорон ва масъулони мақомоти маҳаллӣ дар раванди ободонии ноҳия шаҳодат медиҳад.
Саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар доираи нақшаи корҳои таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз соли 2022 то моҳи июли соли 2026 дар ноҳия бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону сармоягузорон 73 адад банди корҳои созандагӣ дар соҳаи бунёди корхонаи саноатӣ амалӣ гардонида шудааст.
Бунёду ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нав на танҳо иқтидори истеҳсолии ноҳияро афзоиш медиҳад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ замина фароҳам меорад.
Дар оғози соли 2026 низ навсозӣ ва бунёди коргоҳҳои саноатӣ идома доштанд. Аз ҷумла, дар ноҳия корхонаҳои истеҳсоли равған, коркарди коғаз, коркарди пӯст бунёд шуда, барои сокинони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардид.
9 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷараёни сохтмони корхонаи металлургии ҶСП Комбинати металлургии тоҷик дидан намуданд.Тибқи нақшаи сохтмонӣ корҳои сохтмонии корхонаи мазкур дар ду марҳила ҷараён мегирад: Марҳилаи аввал 1 апрели соли 2025 оғоз гардида буд. Дар ин марҳила истеҳсоли консентрати оҳан ва окатиш ба роҳ монда мешавад ва он моҳи сентябри соли 2027 ба анҷом хоҳад расид. Марҳилаи дуюм бошад, соли 2029 ба итмом расонида шуда, дар ҷараёни он истеҳсоли брикетҳои оҳанини Fe-90%, блюмс ва арматура ба роҳ монда мешавад. Корхонаи мазкур дар дохили кони маъдани оҳани Шоҳқадами ҳудуди бунёд меёбад.
Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ дар ноҳия мебошад. Дар ин давра тибқи иҷрои нақшаи пешбинишуда дар соҳаи тандурустӣ 96 банд, дар соҳаи маориф 377 адад, 38 иншооти варзишӣ ва дар самти иншооти истироҳативу фарҳангӣ 26 адад корҳои таъмиру тармим ё бунёдӣ доир карда шуданд.
Таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, бахусус дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, бештар шудааст. Ҳоло низ сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ идома дорад. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов сохтмони муассисаи таълимии хусусии панҷошёна бо 45 синфхона барои 1200 хонанда идома дошта, дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бошад, бинои иловагии таълимӣ барои 300 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ин тадбирҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар баробари саноату иҷтимоиёт, ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад.
Дар доираи нақшаҳои бунёдкорӣ 357 маркази савдо ва хизматрасонӣ таъмиру тармим ва сохта ба истифода дода шудааст. Ин иқдом барои беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, барои рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои муҳими иқтисоди муосир маҳсуб мешавад, 3 адад банди буёдкорӣ дар соҳаи навсозӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ ва меҳмонхона ба иҷро расонида шудааст.
Рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Бо иштироки бахши хусусӣ ва саҳми фаъолонаи сокинон корҳои сохтмон, мумфаршкунӣ, тахту ҳамворкунӣ ва таъмири роҳҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ идома доранд.
То имрӯз 328 банди нақшаи корҳои роҳсозӣ иҷро гардида, 22 пулу купрук сохта шудаанд. Илова бар ин, дар ноҳия сохтмони 5 хонаи истиқоматӣ ва 13 бинои маъмурӣ тибқи иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба анҷом расида, ба истифода дода шудаанд.
Соли 2026 барои сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати дигар низ соли муҳим ва хотирмон мебошад. Имсол ба таъсисёбии ноҳия 100 сол пур мешавад.
Ҳамзамон, соли 2026 дар кишвар ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Ин иқдом масъулияти ҳар як сокини ноҳияро дар роҳи ободии диёр бештар намуда, ба корҳои созандагӣ неруи тоза мебахшад.
Имрӯз симои ноҳия бо бунёди иншооти нав, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ободонии роҳу кӯчаҳо, беҳтар гардидани инфрасохтори иҷтимоӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои нави кору зиндагӣ тадриҷан дигаргун мешавад.
Маҳз ҳамин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки истиқлолият барои ҳар як сокини кишвар пеш аз ҳама имкони созандагӣ, бунёди фардои обод ва масъулияти бештар дар назди Ватан мебошад.
Мардуми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тасмим доранд, ки ин раванди созандагиро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ идома дода, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 100-солагии таъсисёбии ноҳияро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоянд.
Ободии диёр аз меҳнати мардум оғоз меёбад ва ҳар иншооти бунёдшуда, ҳар корхонаи нав ва ҳар роҳи обод қадаме ба сӯи фардои боз ҳам дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Мудири шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо
ҷомеаи дастгоҳи раиси
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаёр
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо рамзи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ, балки заминаи муҳими рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёдкорӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо фароҳам омадани фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифтаанд.

