Дар замони мо кўшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо созмонҳо ва давлатҳое низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила, аз ҷумла дар муборизахои сиёсии худ динро парчами худ намуда, тухми кинаву адоват кошта истодаанд. Воқеан бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст.
Имрўз гуруҳу созмону ҳаракатҳои мамнӯъ эълонгардида, заҳҳоксифатону иблисрӯён бо ҳимояи хоҷагони хориҷиаш боз барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи кишвари соҳибистиқлоли мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Воқеан, дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигаронӣ буда, иллат ба миллат мезанад. Маҳз бо кирдорҳои ҳамин гуна шахсиятҳои хатарзо ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд. Чунин рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Имрўзҳо беш аз пеш собит гардида истодааст, ки сабабгори аслии тамоми бадбахтиҳо ва корҳои нанговари зиёд ҳамин гуна шахсиятҳо мебошанд.
Хушбахтона, имрӯз аксари сокинони кишвари соҳибистиқлоли мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оид ба давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад.
Улуғбек Темиров, сармутахассиси бахши кор
бо дин, танзими ҷашну маросими
мақомоти иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Аслан ҳизбу гуруҳу созмону ҳаракатхои мамнуъ эълонгардида, ки берун аз Тоҷикистон фаъолият доранд, фикру ақидаю андешаи солим надоранд ва ба ғайр аз таҳқиру мафиатҷўиву ҳарзагӯӣ чизи дигар нест.

