Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳалла ба масъулини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак дастур дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва ҷалби сармоягузорон барои анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Боздиди Раиси ноҳия аз маҳаллаи «Истиқлол»

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон бо вазъи зиндагӣ ва мушкилоти мавҷудаи сокинони Кумитаи маҳаллаи «Истиқлол»-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров шинос гардид.
Зимни боздид Раиси ноҳия дар саҳни майдончаи бозии кӯдакон, воқеъ дар шафати бинои баландошёнаи маҳалла, бо раиси маҳалла Ӯктам Қодиров суҳбат намуда, масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани фаъолияти Кумитаи маҳалла ва ободонии ҳудуди онро мавриди баррасӣ қарор дод.
Таъкид гардид, ки барои фароҳам овардани шароити муносиб барои сокинон, бахусус кӯдакону наврасон, ҷойхонаи маҳалла, маҷлисгоҳи тобистона ва майдончаи бозии кӯдакон ба навсозӣ ва ободонӣ ниёз доранд.
Раиси ноҳия таъкид кард, ки ободонии маҳаллаҳо, фароҳам овардани муҳити муносиб барои зиндагии сокинон ва фароғати кӯдакону наврасон аз самтҳои муҳими корҳои созандагӣ ба ҳисоб меравад.

Ахбори тоза