Ҳифзи саломатии мардум вазифаи муқаддас аст. Дар натиҷаи санҷиши ахбороти моҳияти оперативидошта, кормандони шуъбачаи милитсияи Ҷамоати деҳоти Ёва, шуъбаи якуми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва мақомоти прокуратураи ноҳия дар нуқтаи нигаҳдории чорвои калон ва майдаи шохдор, ҳамчунин қассобӣ ва коркарди гӯшт ва сардхонаи ба шаҳрванд Ӯрунхоҷаев Аҳрорхоҷа Абдуллоевич, соли таваллудаш соли 1991 истиқоматкунандаи деҳоти Ёва тааллуқ дошта, дар минтақаи бӯстонсаройҳои бо номи собиқадорони ҷамоати мазкур маҳсулоти гӯштии пастсифат ва ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабударо ба миқдори 1т426 килограмм дарёфт намуданд, ки бо мақсади минбаъд коркард ва дар намуди маҳсулотҳои гуногуни гӯштӣ ба фурӯш баровардан нигаҳдорӣ мешуд.
Маҳсулоти гӯштие, ки муҳлати тӯлонӣ дар яхдонҳо нигаҳдорӣ шудаанд пастсифат, муҳлати истеъмолаш гузашта, ба талаботи бехатарии истеъмолкунандагон ҷавобгӯ набуда, бе хулосаи бехатарарии озуқаворӣ ва ҳуҷҷатҳои кафолати сифат ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ мешуданд. 1426,3 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, бо ранги ғайримуқаррарӣ, бӯйи нохуш ва ташхиси лабораторӣ пешниҳод гардида, хатарнок будани он барои истеъмолкунандагон тасдиқ ёфт. Тавре аз хулосаи ташхиси соҳавӣ муайян мегардад, ин миқдор маҳсулоти гӯштиро бактерияҳои зараровар иҳота кардаанд. Дар ҳамин асос бо дастрасии талаботи моддаи 209 – и кодекси ҷиноятӣ барои истеҳсол, нигоҳ доштан, интиқол ё ба соҳибияти каси дигар додани молу маҳсулот, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб намедиҳад, нисбати Аҳрорхоҷа Ӯрунхоҷаев парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Фурӯши чунин маҳсулоти гӯштӣ заминаи паҳншавии касалиҳои гуногунро мегузорад ва арзанда нест, ки ба хотири ба даст овардани даромади пулӣ фаъолияти соҳибкории ғайрисолимро пеш бурд, ки бар асари он ҷомеа зарар бинанд.
Дафтари матбуоти РВКД дар вилояти Суғд
Ҳифзи саломатии мардум вазифаи муқаддас аст.

