Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машварати васеи назди раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулони дахлдор баргузор карда шуд. 

Дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода аз муовинони раиси ноҳия вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар раванди иҷрои вазифаҳои хизматӣ пурсиш ба амал овард. Зимни пешниҳоди маълумотҳо раиси ноҳия барои иҷрои босифати нақшаҳои минбаъдаи фаъолият, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии кор ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокдорони машварат таъкид гардид, ки нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва нақшаҳои пешбинишуда бо масъулияти ҷиддӣ муносибат намуда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ва нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ноил гарданд.

Ахбори тоза