Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Шуъбаи #1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фароҳамории шароитҳои муосири хизматӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон бо шароити […]

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси ноҳия бо шароити хизмат ва таъмири бинои ШВКД-1 шинос шуданд

Дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Шуъбаи #1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фароҳамории шароитҳои муосири хизматӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон бо шароити хизмат, корҳои ободонӣ ва таъмиру таҷдиди бинои ШВКД-1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуданд. Дар ҷараёни боздид аз шуъбаи мазкур, навгониҳо муаррифӣ гардида, идома ёфтани он таъкид карда шуд. Вазири корҳои дохилӣ аз сифати корҳои анҷомдода изҳори қаноатмандӣ намуда, ба нафарони дар иҷрои он саҳмдошта, миннатдорӣ намуд. Сипас, бо ҳайати шахсӣ мулоқоти озод анҷом дода шуда, аз онҳо масъулиятшиносӣ, омодагӣ баҳри ҳимоя аз манфиатҳои давлату ҷомеа ва дар сатҳи баланд иҷро намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаю уҳдадориҳои хизматӣ талаб карда шуд. Ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо ва ҷинояткорӣ, баланд бардоштани дониш ва малакаи амалии оперативӣ-хизматӣ, сатҳи забондонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд. Дар идома, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ як адад воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес бенс”-и махсусгардонидашуда, ки ҷиҳати интиқоли маҳбусон пешбинӣ шудааст, ба шуъбаи мазкур тақдим карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки давоми се моҳи охир бо дастгирии роҳбарияти ВКД, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷалби соҳибкорон ва саҳмгузории ҳайати шахсӣ бинои асосӣ, долону роҳравҳо, ҳуҷраҳои корӣ, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ, маҳкамаи нигоҳдории муваққатӣ, ошхона, ташнобу ҳаммохонаи шуъба пурра таъмир карда шуданд. Илова бар ин, роҳравҳои гирду аторофи бинои маъмурӣ сафолакпушу мумфарш карда шуда, иншооти ёрирасони бекорхобида азнавсозӣ ва дар он хобогоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар саҳни бинои асосӣ майдончаи сафороӣ ва барои нақлиётҳои хизматӣ таваққуфгоҳи болопушида сохта ба истифода дода шуд. Инчунин ба сабзу хуррамгардонии ҳудуди бинои хизматӣ таваҷҷуҳ карда шуда, дар баробари қитъаҳои сабзпуш, дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ намуди берунаи бинои маъмуриро назаррабо кардааст.

Ахбори тоза