Ҳамдиёрони арҷманд! Тантанаи ҷашнгирии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар асоси роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бунёд […]

Табрики Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамдиёрони арҷманд!
Тантанаи ҷашнгирии солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар марҳилае доир гашта истодааст, ки мардуми кишвар дар асоси роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
Ваҳдати миллӣ, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат бунёд намудааст, сарчашмаи ҳамаи рушду комёбиҳои халқу миллатҳои Ватани мо мебошад.
Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар мамлакати мо ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушду такомули соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор гузошта шуд. Муносибатҳои хуби ҳамкорӣ ва тиҷоратӣ бо мамолики хориҷи дуру наздик қавӣ гардида, дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Нияти неку созанда ва иродаи қавии сиёсӣ ба Сарвари давлати тоҷикон имкон дод, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ба фарҷоми мантиқиаш расонад.
Маҳз асолати фарҳангдӯстӣ, хирадписандӣ ва ваҳдатгароиву сулҳпарварии миллати шарафманди тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он, инчунин азму иродаи матини халқ ва пуштибонии ҳамаи мардум аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳарии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек ва рӯзгори осуда расидем. Зеро ваҳдати миллӣ ба таъмини волоияти қонун, раҳоии иқтисодиёти кишвар аз бӯҳрон, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи шаҳрвандон мусоидат карда, исбот намуд, ки халқи тоҷик дорои эҳсоси гарми ватанхоҳӣ ва хиради азалӣ буда, қудрати бузурги эҳёгарии он боиси чунин комёбиҳои назаррас гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳофарини тоҷиконро тамоми созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун падидаи нодири таърих арзёбӣ карда, дар кишварҳои гирифтори муқовимати шаҳрвандӣ дар чаҳон мавриди омӯзишу истифода қарор додаанд.
Ҳар сол мову шумо Рӯзи Ваҳдати миллиро бо рӯи сурху сари баланд ҷашн гирифта, ба хуби эҳсос мекунем, ки ваҳдат ва истиқлолият ду маҳфуми аз ҳам ҷудонашаванда мебошанд. Тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтааст.
Пояҳои истиқлолияти давлати мо сол аз сол қавитар мегардад. Амнияту оромӣ, ки маҳз маҳсули сулҳу ризоияти миллӣ мебошад, имкониятҳои осудагии кишвари моро бештар фароҳам овардааст.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати таҷлили Иди Ваҳдати миллӣ ва саодати миллат табрик гуфта, хушбахтӣ, сиҳатмандӣ ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Ид муборак, ҳамватанони азиз!

Раиси ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров Темурҷон Нӯмонзода

Ахбори тоза