Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи деҳоти Овчиқалъача конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ташкилу баргузор карда шуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Халифаёр Парвиз кори конференсияро оғоз намуда, бо ҳадафҳои баргузории он шинос намуд. Узви Шӯрои вилоятии Ҳаракати вилоятӣ Маҳмудзода Муталлиб – муовини директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, адиб ва рӯзноманигори шинохта Муталлибов Розиқҷон, муовини озоди Шӯро дар деҳоти Овчиқалъача Қаландарова Мавлуда оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд. Барномаи адабию фарҳангии муҳассилини мактабҳои деҳоти Овчиқалъача ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуд. Барои хизматҳои арзанда адиби ваҳдатсаро Муталлибов Розиқҷон бо туҳфаи хотиравии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Дар хотима раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Ҳайдаров Алишер ба меҳмонони чорабинӣ барои иштирок дар чорабинии идонаи мардуми деҳот изҳори сипосмандӣ баён намуда, ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи соли равон аз иштирокдорон даъват ба амал овард.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи деҳоти Овчиқалъача конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” ташкилу баргузор карда шуд. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита […]

