Баргузории аксияи ҷумҳуриявӣ

МО – ҶАВОНОН БАР ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи амалисозии бандҳои муҳими «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030» ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамасола  26 – уми июн гузаронида мешавад, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо – ҷавонон бар зидди нашъамандӣ мубориза мебарем!» баргузор карда шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади пешгирии паҳншавии нашъамандӣ дар байни наврасону ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва илмомӯзӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси масъулияти шаҳрвандии онҳо роҳандозӣ гардида, дар он волонтёрони бахш, варзишгарон, ҷавонони фаъол, ташаббускорон ва намояндагони соҳаҳои гуногуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муттаҳид шуданд. Чорабинии мазкур дар кӯчаву хиёбонҳои марказӣ, бозорҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия ба таври васеъ фаро гирифт.

Дар натиҷа зиёда аз 600 варақаҳои таблиғотӣ дастраси сокинон гардонида шуд.

Ахбори тоза