Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Муҳтарам шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия!
Имрўзҳо бо гарм шудани ҳаво талаботи мардум ба обу оббозӣ рўз аз рўз зиёд мегардад. Албатта обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон, баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромўш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабаби фалокат низ мебошад. Ҳодисаҳои нохуши солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андўҳи якумра гузоштаанд. Мутаасифона аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби надонистани қоидаҳои оддитарини оббозӣ ё инки оббозӣ намудан дар мавзеъҳои хавфноки маҳзанҳои обӣ ғарқ шуданд.
Барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо ва ба ғаму мусибат мубтало накардани волидайн бо эҳтиром ба Шумо шаҳрвандон ва меҳмонони ноҳия муроҷиат менамоем:
Ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳои обии ноҳия талаботи бехатариро пурра риоя намоед. Дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо, ҷойҳои ношинос ва хавфноки дарё ва сойҳо ба даруни об надароед. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Агар оббозӣ карда наметавонед, кўшиши ба дохили об даромадан накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои наҷотдиҳӣ истифода баред. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кўтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти фавтидани шаҳрванд имконпазир мебошад. Фаромўш накунед, ки Шуморо дар хона волидайн, фарзандон ва ёру дўстонатон интизоранд. Агар бо аҳли оила ба ҳавзи об меравед, ҳатман ба кўдакон тартиби рафторро омўзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред. Ҳангоми оббозӣ дар паҳлўяшон бошед ва то аз об баромаданашон онҳоро роҳбаладӣ кунед. Агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ шудеду оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот додан кўшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед,
Инчунин он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба ҳавзҳои обӣ мепартоянд, андеша намоед, ақли солимро идора кунед, худкушӣ роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин рафтор наздикону пайвандонатонро як умр ба мусибат гирифтор накунед. Нагузоред наздиконатон пеши дигарон шармсору сархам шаванд. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти пешомада рўзе ҳал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад.
Дар охир аз ҳамаи Шумо даъват менамоем, ки агар шоҳиди ҳолати ғарқшавӣ ва ё дигар ҳодисаҳои фавқулодда шудед, фавран бо рақамҳои 93-880-28-63, 93-880-28-57 ё рақами кӯтоҳи 112-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шуда, то расидани наҷотдиҳандагон чораҳои иловагӣ андешед.
Ҳамзамон ба диққати сокинон ва меҳмонони ноҳия мерасонем, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ҳамкори бо Ширкати миллиии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ замимаи мобилии бехатарии «SOS» таҳияшуда, барои боргирии ройгон дар онлайн мағозаҳои Google Play ва App Store дастрас буда, дар системаҳои мобилии iOS ва Android муваффақона кор мекунад.
Барномаи мазкур барои пайдо кардани маълумот дар бораи чӣ кор кардан дар вақти ҳолати фавқулодда, занг задан ба хадамоти наҷот ва инчунин гуфтани макони ҷуғрофии ҳодиса ва дигар имкониятҳои васеъ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, зудтар пайваст шудан ба сомонаи расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ-ро доро мебошад.
подполковник Абдусамадзода М. – Сардори шуъбаи Раёсати
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании
вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

