Дар соли таърихии вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди муассисаҳои тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар гардонида шуда, ҷиҳати муҷаҳазгардонӣ бо лавозимоти тибии муосир ва фароҳамории шароитҳои беҳтари хизматрасонӣ тадбирҳои пайваста андешида шуда истодаанд. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, намояндаи ба ноҳия вобасташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур якҷо бо раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Нӯмонзода Темурҷон аз корҳои таъмиру таҷдиди шуъбаи бемориҳои асаби беморхонаи ноҳиявии рақами 2 дар деҳоти Ёва ва шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздидҳои корӣ доир намуданд.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру навсозиҳо дар муассисаҳои номбурдаи тиббӣ дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия, дастгирии шахсони саховатманд ва соҳибкорони маҳаллӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ роҳандозӣ карда шудааст.
Зимни шиносоӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло ва дигар меҳмонони расмӣ бо мудирони шуъбаҳо, табибон, беморон ва хешу таборони онҳо мулоқоти самимӣ баргузор намуда, барои рушду пешравии соҳа, баланд гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҳифзи солимии аҳолӣ ва идома додани корҳои ободонию созандагӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас баён намуданд.
Дар соли таърихии вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷӯҳ ба рушди муассисаҳои тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бештар гардонида шуда, ҷиҳати муҷаҳазгардонӣ бо лавозимоти тибии муосир ва фароҳамории шароитҳои беҳтари хизматрасонӣ тадбирҳои пайваста андешида шуда истодаанд. Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, намояндаи ба […]

