Конфронс

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдати миллӣ

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба истиқболи 29-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи деҳоти Овчиқалъача конференсияи илмӣ-адабӣ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ” баргузор карда шуд.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Парвиз Халифаёр кори конференсияро оғоз намуда, бо ҳадафи баргузорӣ шинос намуд. Узви Шӯрои вилоятии Ҳаракати вилоятӣ Муталлиб Маҳмудзода – муовини директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, адиб ва рӯзноманигори шинохта Розиқҷон Муталлибов, муовини озоди Шӯро дар деҳоти Овчиқалъача Мавлуда Қаландарова оид ба аҳамияти таърихии таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.

Барномаи адабию фарҳангии муҳассилини мактабҳои деҳоти Овчиқалъача ба чорабинӣ шукӯҳи идона зам намуд. Барои хизматҳои арзанда адиби ваҳдатсаро Розиқҷон Муталлибов бо туҳфаи хотиравии Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд. Дар хотима раиси Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Алишер Ҳайдаров ба меҳмонони чорабинӣ барои иштирок дар ҳамоиши идонаи мардуми деҳот изҳори сипосмандӣ баён намуда, ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи соли равон аз иштирокдорон даъват ба амал овард.

Ахбори тоза